Коронавирус

Беморӣ қодир аст аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои хурд, ки аз бинӣ ё даҳони бемори гирифтор ба COVID‑19 ҳангоми сулфидану атсазанӣ ҷудо мешаванд, гузарад.

Омор Оид ба COVID-19
Сироятшуда

6552

Шифоефта

5228

Фавтида

55

* Таърихи қайд: 12.07.2020 21:15
Кононавирус (covid.tj)

Мехоҳед аз хабарҳои COVID-19 дар Тоҷикистон бохабар бошед?

Омор

6552

Сироятшудагон

5228

Шифоёфтагон

55

Фавтидагон

46

Сироятшудагон дар як шабонаруз
* Таърихи қайд: 12.07.2020 21:15

Аломатҳо

Баландшавии таб
Баландшавии таб
Сулфаи хушк
Сулфаи хушк
Маҳкамшавии димоғ
Маҳкамшавии димоғ
Хасташавӣ
Хасташавӣ
Назла
Назла
Дарди гулӯ
Дарди гулӯ
Диарея
Диарея
Дарди мушакҳо
Дарди мушакҳо
Аломатҳо

Аломатҳо метавонанд дар давоми 14 рӯз пас аз тамос бо як бемори сироятшуда пайдо шаванд. Аломатҳо ба бисёр бемориҳои роҳи нафас шабоҳат доранд, ки аксар вақт ба сардиҳои умумӣ тақлид мекунанд ва метавонанд ба зуком монанд бошанд.

Роҳҳои сироятшави

Панҳшавӣ аз як нафар ба нафари дигар ҳангоми алоқаи наздик доштан бо шахси сироятшуда
Панҳшавӣ аз як нафар ба нафари дигар ҳангоми алоқаи наздик доштан бо шахси сироятшуда

Маълум аст, ки коронавирус (COVID-19) асосан аз одам ба одам паҳн мешавад. Ин дар байни одамоне рух медиҳад, ки бо ҳам алоқаи зич доранд.

Қатраҳое, ки ҳангоми сулфа ва атсазании шахси сироятшуда
Қатраҳое, ки ҳангоми сулфа ва атсазании шахси сироятшуда

Шахс метавонад ҳангоми нафаскашӣ бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ сироят ебад, чунки дар таркиби ҳавои нафаскашида дар натиҷаи сулфа кардан ва е атса задани шахси бемор, қатраҳои зараррасон мавҷуданд.

Расидан ба сатҳи ва ё объекти сироятшуда
Расидан ба сатҳи ва ё объекти сироятшуда

Инсон метавонад, ҳангоми расидан ба сатҳи ва ё объекти сироятшуда ва баъдан бо ин дастҳо расидан ба даҳон, бини ва чашм ба коронавирус (COVID-19) сироят шавад.

Тавсияҳо

Тавсияҳо

4 қадам барои пешгирии сирояти коронавирус

Дар айни замон ягон ваксина барои пешгирии коронавирус (COVID-19) мавҷуд нест. Роҳи беҳтарини пешгирии коронавирус ин пешгирии гирифторшавӣ ба ин вирус мебошад.

Дастҳоро зуд-зуд шуед
Дастҳоро зуд-зуд шуед

Пас аз бозгашт аз кӯча ва тамос бо одамон дастонро бо собун шуста, гаҷетҳо ва ҷои кориро тоза кунед.

Фосилаи иҷтимоӣ
Фосилаи иҷтимоӣ

Бо ашхосе, ки нишонаҳои намоёни вируси роҳи нафас доранд (сулфа, атсазанӣ, ҷудошавии оби бинӣ), дар як ҳуҷра намонед ва аз тамос бо онҳо худдори кунед.

Ба рӯятон даст нарасонед
Ба рӯятон даст нарасонед

Дастҳо ба бисёр ҷойҳо мерасанд ва сабаби беморшавӣ шаванд. Дастҳо метавонанд вирусро ба чашм, бинӣ ва даҳон интиқол диҳанд ва сабаби бемор шаванд.

Гигиенаи нафаскаширо машқ кунед
Гигиенаи нафаскаширо машқ кунед

Гигиенаи нафаскаширо бо пӯшидани даҳон ва бинӣ ҳангоми сулфидан ё атсазадан риоя карда, бо оринҷ ё матоъ махкам кунед.

Маълумоти бештар оид ба коронавирус

Дастонро зуд-зуд шуед

Фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доред

Ба чашм, бинӣ ва даҳон даст нарасонед

Гигиенаи узвҳои нафаскаширо риоя намоед

Агар шумо табларза, сулфа ва душворӣ ҳангоми нафаскашӣ дошта бошед, фавран ба духтур муроҷиат кунед

Бохабар бошед ва маслиҳатҳои корманди соҳаи тандурустиро иҷро намоед

Саволу ҷавобҳо

Коронавирус чист?

Коронавирусҳо оилаи васеи вирусҳоро бо хусусиятҳои бемориовари собитшуда барои инсон ва ҳайвон ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки як қатор коронавирусҳо қодиранд дар одам сироятҳои респираториро аз шамолхўрии одӣ то ҳолатҳои вазнинтар, аз қабили синдроми респиратории Шарқи Наздик (MERS) ва синдроми шадиди вирусии респираторӣ (SARS) падид оранд. Коронавируси охирӣ, ки ба қарибӣ кашф гардид, бемории COVID 19-ро ба вуҷуд меорад.

COVID-19 чист?

COVID-19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хурўҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.

Аломатҳои COVID-19 чӣ гунаанд?

Ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID 19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхўрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.

Вирус чӣ тавр паҳн мешавад?

Бо COVID-19 аз одамони дигар сироят ёфтан мумкин аст, агар онҳо бо вирус сироят шуда бошанд. Беморӣ қодир аст аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои хурд, ки аз бинӣ ё даҳони бемори гирифтор ба COVID‑19 ҳангоми сулфидану атсазанӣ ҷудо мешаванд, гузарад. Ин қатраҳо ба ашё ва сатҳҳое, ки одамро иҳота мекунанд, меафтанд. Одамони дигар метавонанд дар натиҷаи расиш аввалан ба ашё ва сатҳҳои мазкур, баъдан ба чашмон, бинӣ ё даҳон сироят ёбанд. Ғайр аз ин, сироятёбӣ метавонад ҳангоми нафас гирифтани қатраҳои хурд, ки вақти сулфа ё атсазании одами дорои COVID‑19 ҷудо мешавад, анҷом ёбад. Аз ин сабаб аз шахси бемор масофаи бештар аз 1 метрро риоя намудан муҳим аст. ТУТ рафти тадқиқотро оид ба роҳҳои интиқоли COVID‑19 пайгирӣ мекунад ва иттилоотро бо мурури навшавии он дастраси ҷомеаъ мегардонад.

Чӣ тавр ман метавонам худамро ҳимоя ва паҳншавии бемориро пешгирӣ намоям?

ЧОРАҲОИ ҲИМОЯИ ИНФИРОДӢ БАРОИ ҲАМА

Иттилооти рўзмарраро оид ба хурўҷи беморӣ, ки аз веб-сомонаи ТУТ пайдо кардан, ҳамчунин аз намояндагони сатҳи миллӣ ва маҳаллии хадамоти ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ гирифтан мумкин аст, пайгирӣ намоед. Дар бисёр кишварҳои дунё ҳодисаҳои сироят бо COVID‑19 ва дар баъзе кишварҳо хурўҷи беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Чин, ҳамчунин ҳукуматҳои як қатор кишварҳои дигар, ки дар онҳо хурўҷи беморӣ қайд шуда буд, ба паст кардани шиддати паҳншавии беморӣ ё комилан қатъ намудани он ноил гардиданд. Бо вуҷуди ин, вазъ ҳанўз хам пешгўинашаванда боқӣ мемонад, аз ин сабаб аз навигариҳои охирин бохабар будан зарур аст.

Тадбирҳои оддии зеринро риоя намуда, шумо метавонед хавфи сироятёбӣ ё паҳншавии COVID‑19-ро коҳиш диҳед:
  • Мунтазам дастҳоятонро бо маҳлулҳои спиртдор пок кунед ё бо собун шўед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Агар дар болои дастҳо вирус ҷой дошта бошад, пок кардани онҳо бо воситаи спиртдор ё шустани дастҳо бо собун онро нобуд месозад.
  • Аз одамоне, ки сулфа ва атса мезананд, масофаи на кам аз як метрро риоя намоед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ аз даҳон ва бинӣ қатраҳои хурдтарини вирусдор ҷудо мешаванд, ки одам дар атрофи худаш паҳн мекунад. Ба ин гуна шахс аз ҳад зиёд наздик истода, шумо худро ба хавфи нафас гирифтани ин қатраҳо ва сироят ёфтан аз ў, аз ҷумла бо сирояти коронавирус, агар ў ба COVID-19 гирифтор бошад, дучор менамоед.
  • Мувофиқи имкон, ба чашмон, бинӣ ва даҳон даст нарасонед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Дастҳо ба бисёр сатҳҳо мерасанд ва ба онҳо метавонад вирус гузарад. Ба рўйи даст афтода, зарраҳои вирусӣ метавонанд ба чашмон, бинӣ ва ё даҳон гузаранд. Аз ин қисмҳои бадан вирус метавонад ба организм роҳ ёбад ва боиси беморшавӣ гардад.
  • Ҳам шумо ва ҳам атрофиён бояд қоидаҳои беҳдошти респираториро риоя намоед. Барои ин бо хами оринҷ ё дастмол ҳангоми сулфа ва атсазанӣ даҳон ё биниро пўшондан лозим аст. Дастмоли истифодашударо дарҳол партоед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Вирус тавассути қатраҳои хурд интиқол меёбад. Қоидаҳои беҳдошти респираториро қатъиян риоя намуда, шумо метавонед аз бемориҳои вирусие монанди СШРВ (ОРВИ), зуком ва COVID-19 атрофиёнро ҳимоя намоед.
  • Агар худро бад ҳис кунед, дар хона бимонед. Ҳангоми баландшавии таб, пайдо шудани сулфа ва нафаскашии душвор ҳарчи зудтар барои ёрии тиббӣ муроҷиат намоед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи тандурустиро риоя намоед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳифзи тандурустӣ маълумоти мубрамтаринро оид ба вазъ дар ноҳияи зисти шумо доранд. Муроҷиати саривақтӣ барои ёрии тиббӣ ба мутахассисони соҳаи тиб имкон медиҳад, ки шуморо фавран ба муассисаи табобатии муносиб равон кунанд. Ғайр аз ин, ба ин тариқ шумо худро аз хавф эмин месозед ва метавонед паҳншавии сироятҳои вирусӣ ва дигарро пешгирӣ намоед.
  • Тағйиротро дар рўйхати минтақаҳои дорои хавфи баланди сирояти COVID‑19 (шаҳр ё навоҳие, ки дар онҳо васеъ паҳн гардидани COVID‑19 ба қайд гирифта шудааст) пайгирӣ намоед. Мувофиқи имкон аз сафарҳо худдорӣ кунед, алалхусус агар шумо одами солхўрда ё ин ки гирифтори диабет, бемориҳои дил ё шуш бошед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Дар ин минтақаҳо шумо худро ба хавфи баланди сирояти COVID‑19 дучор мекунед.
Чораҳои ҳимояи инфиродӣ барои онҳое, ки ба наздикӣ (дар давоми 14 рўзи охир) дар минтақаҳои паҳншавии COVID-19 буданд

  • Тавсияҳои дар боло арзшударо риоя намоед («Чораҳои ҳимояи инфиродӣ барои ҳама»).
  • Агар шумо нотобиро ҳис карда бошед, ҳатто агар аломатҳои беморӣ дар шумо сабук, масалан бо дарди сар, ҳарорати баланди бадан (37,3°C ё зиёдтар) ва ё каме обравӣ аз бинӣ ифода ёбанд, то шифо ёфтан дар хона бимонед. Агар шумо аз касе хоҳиш кунед, ки ба шумо озуқаворӣ орад ва бароятон ба мағоза равад, аз ниқоб истифода баред, то ки одами наздатон меомадаро сироят накунед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Аз алоқаҳо бо атрофиён худдорӣ намуда ва ба муассисаҳои табобатӣ нарафта, шумо ба ин муассисаҳо ёрӣ мерасонед, ки кори худро босамартар иҷро намоянд ва худу атрофиёнро аз эҳтимоли сирояти COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ ҳифз мекунед.
  • Агар шумо ба таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор дучор шуда бошед, муроҷиатро барои ёрии тиббӣ ба таъхир наандозед, зеро аломатҳои мазкур метавонанд нишонаи сирояти роҳҳои нафас ё дигар бемории ҷиддӣ бошанд. Фавран ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намуда, ба мутахассиси тиб дар бораи сафарҳои охирини худ ё алоқаҳоятон бо шахсони сафаркарда маълумот диҳед.
    Ин барои чӣ лозим аст? Муроҷиати саривақтӣ барои ёрии тиббӣ ба мутахассисон имкон медиҳад, ки шуморо фавран ба муассисаи табобатии муносиб равона намоянд. Ғайр аз ин, амали мазкур имкон медиҳад, ки паҳншавии эҳтимолии COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ пешгирӣ карда шавад.

То кадом андоза ман бояд аз сирояти covid 19 хавф дошта бошам?

Сатҳи хатарро макони будубоши шумо, аниқтараш ҷой доштан ё надоштани хурўҷи беморӣ дар ин мавзеъ муайян мекунад.
Барои аксари одамон дар бештари минтақаҳо хавфи сироят ёфтан аз COVID‑19 ҳанўз кам аст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе қисматҳои олам (шаҳр ё ноҳияҳо) паҳншавии беморӣ идома меёбад. Хавфи сироятёбӣ барои онҳое, ки дар ин гуна ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд ё ба онҳо сафар менамоянд, баландтар аст. Ҳукуматҳои кишварҳо ва мақомоти роҳбарикунандаи соҳаи ҳифзи тандурустӣ нисбати ҳар ҳодисаи нави сироятёбӣ бо COVID‑19 чораҳои шиддатноки ҷавобӣ меандешанд. Дар сурати дар сатҳи маҳал вуҷуд доштани махдудиятҳои ҷоригардида нисбати сафарҳо, ҳаракатҳо ё чорабиниҳои оммавӣ, онҳоро риоя намоед. Чораҳои назорат аз болои паҳншавии бемориро дастгирӣ намуда, шумо метавонед хавфи сироят ва паҳншавии COVID‑19-ро коҳиш диҳед.
Тавре мисоли Хитой ва як қатор кишварҳои дигар гувоҳӣ медиҳад, мо тавони маҳдуд кардани паҳншавии хурўҷи беморӣ ва қатъ намудани интиқоли сирятро дорем. Мутаассифона, хурўҷҳо метавонанд зуд-зуд аз манбаъҳои дигар сар зананд. Аз вазъ дар минтақаи худ ва ё минтақае, ки шумо нақшаи ба он сафар карданро доред, бохабар мондан муҳим аст. СУТ ҳаррўза ахборномаҳоро дар бораи вазъи ҷории эпидемиологӣ дар робита ба COVID‑19 дар тамоми ҷаҳон нашр мекунад. Иттилооти мазкур дар суроғаи https://www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/situation-reports/ дастрас аст (ба забони англисӣ).

Оё COVID-19 омил барои нигаронӣ аст?

Одатан, сирояти коронавирусии COVID‑19 дар шакли сабук мегузарад, хоса дар кўдакон ва шахсони синни ҷавон. Қатъи назар аз ин, шакли вазнини сироят вуҷуд дорад: тақрибан аз панҷ ҳолат дар яке ба беморон бистарикунӣ дар беморхона зарур мешавад. Аз ин сабаб нигаронии одамон барои худ ва наздикон дар робита ба хурўҷи COVID‑19 асоснок аст.
Мо метавонем талошҳои худро ба маҷрои созанда равона созем ва баҳри ҳифзи сиҳатии худ, сиҳатии наздикони мо ва аҳли ҷомеаамон чораҳо бинем. Чораи асосӣ ва аввалиндараҷа мунтазам ва бодиққат шустани дастон, ҳамчунин риоя намудани беҳдошти респираторӣ аст. Сипас инкишофи ҳодисаҳоро пайгирӣ намудан ва риоя кардани тавсияҳои мақомоти маҳаллии идораи тандурустӣ, аз инҷумла риоя намудани маҳдудиятҳои ҷорикардаи онҳо дар хусуси сафарҳо, ҳаракатҳо ва ё чорабиниҳои оммавӣ зарур мебошад. Иттилоот доир ба чораҳои эҳтиётӣ барои ҳимоя аз сироят дар суроғаи зерин дастрас аст: https://www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/advice-for-public

Ба кӣ хавфи вазнин гузаштани беморӣ таҳдид мекунад?

Иттилои мо оид ба COVID‑19 ҳанўз пурра нест, аммо, тавре ба назар мерасад, ҷараёни вазнини беморӣ бештар дар одамони солхўрда, инчунин дар одамони гирифтор ба бемориҳои соматикӣ (масалан, гипертензияи шарёнӣ, бемориҳои дил, шуш, саратон ё диабет) қайд мегардад.

Оё антибиотикҳо воситаи натиҷаовари пешгирӣ ва табобати сирояти COVID-19 мебошанд?

Не. Антибиотикҳо ба вирусҳо таъсир намекунанд, онҳо танҳо нисбати сироятҳои бактериявӣ фаъоланд. Бемории COVID‑19 табиати вирусӣ дорад, аз ин сабаб антибиотикҳо нисбати он самар намедиҳанд. Аз антибиотикхо барои пешгирӣ ва табобати COVID‑19 истифода кардан лозим нест. Истифодаи онҳо танҳо бо дастури духтур барои табобати сирояти бактериявӣ ҷоиз мебошад.

Оё айни замон маводи доругӣ ё табобате вуҷуд дорад, ки имкони пешгирӣ ё муолиҷаи COVID-19-ро дошта бошад?

Як қатор давоҳои тибби Ғарб, инчунин давоҳои анъанавии мардумӣ ё хонагӣ метавонанд ба беҳ шудани ҳолат ва сабукшавии аломатҳои бемории COVID-19 мусоидат кунанд, бо вуҷуди ин, айни замон маълумоти воқеие нест, ки тавонад гувоҳӣ диҳад, ки таъсири кадом яке аз доруҳои мавҷуда барои пешгирӣ ё табобати бемории мазкур имкон фароҳам меорад. СУТ машғул шудан ба худмуолиҷакунӣ бо ёрии ҳар гуна маводи доруворӣ, аз ҷумла антибиотикҳо, бо ҳадафи пешгирӣ ё табобат аз сирояти COVID-19-ро тавсия намедиҳад. Ҳамзамон озмоишҳои клиникии як қатор давоҳои тибби ҳам ғарбӣ ва ҳам анъанавии мардумӣ идома меёбанд. СУТ нашри маълумоти навшударо бо мурури пайдо шудани иттилооти клиникӣ давом хоҳад дод.

Ин ҳамон як вирусест, ки пневмонияи атипикӣ (свшр)-ро ба вуҷуд меорад?

Не. Вирусе, ки COVID‑19-ро ба вуҷуд меорад, ҳамроҳи ангезандаи синдроми шадиди вирусии респираторӣ (SARS‑КоВ) ба ҳамон як оилаи вирусҳо тааллуқ дорад, аммо вируси дигар аст. SARS‑КоВ нисбат ба ангезандаи COVID‑19 хавфноктар, вале сатҳи сироятнокиаш камтар аст. Аз соли 2003 хурўҷи SARS дар ягон ҷойи ҷаҳон ба қайд гирифта нашудааст.

Тамос

Телефони боварӣ

Душанбе
: 37 227 31 74
Хатлон
: 8 32 222 23 41, 8 32 222 22 73
Суғд
: 8 34 224 65 92
ВХКБ
: 935 08 71 75, 935 81 55 66
E-mail
info@moh.tj

Суроға

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, кӯч. Шевченко, 69